Ҷуғрофия ва Иқлим

Ҷуғрофия
Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатҳи дарё аст. Кӯҳсори Тоҷикистон бахше аз кӯҳистонҳои Тиён-Шон ва Помир ҳастанд.

Иқлим

Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C (дар ноҳияи Панҷ) то −61 °C (дар Булункӯл), дар моҳи июл дамои ҳаво аз −8 °C (дар Булункӯл) то +50 °C (дар ноҳияи Панҷ) тағйир меёбад.Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад:

• Иқлими хушки субтропикӣ (дар водиҳои Вахш ва Ҳисор) ки тобистон тӯлониву гарм ва зимистон кӯтоҳу нарм ва мизони бориш кам (150—200 мм) аст.

• Иқлими мӯътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр (то 1550 мм) аст.