Кӯҳҳо ва кӯлҳо

Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 1450 кӯлҳо ба кайд гирифта шудааст, ки баъзеи онњо  дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Кишвар аз кӯлҳои зебо бой буда, њар як кўл таърихи пайдоиши худро дорад. Љанубтар аз дараи Зоол, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кӯли калони шури Ќарокўл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки чуќурии он 236 метр мебошад. Муайян карда шудааст, ки кул дар давраи яхбанди сохт бавуљуд омада ва чуќурии он бо пиряхњои яхбаста доимо пушонида шудааст. Кул бо ибораи туркц “Кули сиёњ” ном бурда мешавад. Дар њолати шамоли сахт мављњои кул баланд шуда оби кул ранги сиёњро мегирад ва аз њамин љо номи кул гирифта шудааст.

Бо аќидаи олимон, њавзаи кул дар натиљаи таѓйроти сохти яхбандии ќадим, бавуљудои тектоникиро дорост. Аз ин ру тадќиќоти геологии солњои охир, инчунин дар натиљаи омўзишњои аксњои кайњонии кул баъзе олимон аќида доранд, ки кули Ќароќўл 25 млн сол пеш дар натиљаи афтиши метеорид ба вуљуд омадааст. Зарбаи сахти метеорит ба замин дар натиљаи танураш 45км-ро ба вуљуд овардааст. Аљоиботи кул дар он аст, ки пиряхњои соњилњои кул дар фурсати муайяншуда зери об мераванд.

Дар бораи аз куљо пайдошудани яхњо байни олимон аќидаи гунногун вуљуд надорад. Чи гунае набошад, пиряхњои соњили  кул оњиста- оњиста об шудаистода, дар натиља, дарањо, шар-шарањо, кулчањо бо љазирачањоро ба вуљуд меорад. Андози худди кул доимо дар таѓирёбист.

Кули Сарез- яке аз зеботарин ва асрорангезтарин кули Тољикистон мебошад. Ин марвориди кули Помирро “Аљдари хуфта” низ меноманд. Кули Сарез зимистони соли 1911 дар натиљаи љунбиши замин, ки дараљаи он 9 балли рихтериро дошт бо афтидани порчањои куњ дар сари роњи дарёи Бартанг (Мурѓоб) падид омадааст. Дар паи ин зиз-зила дењаи Усой дар Бадахшони Тољикистон зери хоку санг монд. Баландии куњпораи фуруѓалтида аз ќаъри кул то сатњи болояш 567м, њаљми фуруѓалтидааш 2,2 км, чуќуриаш 500м-ро дар бар мегирад. Минбаъд сарбанди ба амал омада ба номи Усой ва ќишлоќи Сарез, ки зери об монда дар кул пайдо шуд, бо номи сарез машњур гашт.

Sarez (2)
Sarez

Искандаркул дили фонкуњ- марвориди куњњои Тиён-шан ба њисоб меравад. Шакли секунљаро доро буда дар баландии 2195-2200м аз сатњи бањр мавќеъ дорад, аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 180, зимистон ях мекунад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағљиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағљиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.

7 Kul (2)

Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Александри Мақдунӣ (Искандари Мақдунӣ 356 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.
Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёља чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст.

Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» – маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кўҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.

Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вољаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.

Iskandarkul
Alaudin lake_Fann mountains
Alaudin lake (2)

Помир

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 – қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доранд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз куллаҳои кӯҳҳои баландӣ Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ номаш қуллаи Коммунизм буд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар асри 20 ин қуллаи кӯҳӣ ба мавзеи сайёҳии кӯҳнавардӣ мубаддал гаштааст ва яке аз минтақаи сайёҳии Бадахшон мебошад.

pamir2
pamir